Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди захираҳои инсонӣ барои кори иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ” баргузор кард, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳои кишвар, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва инчунин намояндагони кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Русия иштирок намуданд. Мақсади асосии чорабинии мазкур мусоидат намудан ба эҷоди платформаи ҳамкорӣ ва мубодилаи касбӣ миёни олимон ва мутахассисони пешбар дар соҳаи кори иҷтимоӣ буд.
Баъд аз суханони ифтитоҳӣ ва пазироӣ аз ҷониби намояндагони Каритас Олмон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст маърӯзаи Сатторов Фирӯз, мушовири ЮНИСЕФ дар бораи афзалиятҳои асосии Барномаи маҷмӯии давлатӣ оид ба тайёркунӣ ва таҳкими захираҳои инсонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар давраи аз соли 2020 то 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, шунида шуд. Ӯ зикр намуд, ки пешнависи барномаи мазкур барои баррасӣ ва изҳори фикру андешаҳо ба вазорату идораҳои дахлдор исрол гардидааст. Фирӯз ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади муҳокимаи амиқ ва тасдиқи барномаи мазкур, 17-уми марти соли 2020 мизи мудаввар бо иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба нақша гирифта шудааст.
Презентатсияи Веричева Олга Николаевна, мудири кафедраи кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Костромаи Федератсияи Русия роҷеъ ба дастовардҳои кишвараш дар таёр кардани захираҳои инсонӣ дар соҳаи кори иҷтимоӣ хеле таъсирбахш буд ва иштирокчиён таҷрибаи Русияро ҳамчун намунаи хуб барои такрори он арзёбӣ намуданд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа аз Каритас Олмон Ашуров Субҳон диққати ҳозиринро ба зарурати тайёр кардани кормандони иҷтимоӣ дар се сатҳ, яъне сатҳҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва гурӯҳбандии салоҳиятҳо (кордонӣ)-и касбии кормандони иҷтимоӣ ҷалб намуда, изҳор дошт, ки ин мизи мудаввар барои расидан ба ҳадафҳои таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ такони нав хоҳад бахшид.
Намояндагони кафедраҳои кори иҷтимоӣ аз муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон доир ба таҷрибаҳои кишварҳояшон, вазъи кунунӣ ва раванди тайёр кардани захираҳои инсонӣ барои соҳаи кори иҷтимоӣ презентатсияҳо пешниҳод намуданд. Маълум гардид, ки ҳар се кишвари Осиёи марказӣ дар тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ қариб дар як зинаи рушд қарор дошта, мушкилоти якхела доранд.
Намояндаи Каритас Олмон Мунавварова Умеда зимни баромади худ дар мавзӯи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) қайд кард, ки таҷрибаи татбиқи барнома дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сатҳи хизматҳои иҷтимоиро барои шахсони дорои маъюбият ва касбияти кормандони иҷтимоиро баланд бардошт ва ин технология бояд ба барномаи тайёрии касбии кормандони иҷтимоии се сатҳ ворид карда шавад. “Роҳандозӣ ва васеъгардонии барномаи ТСМ дар кишварҳои Осиёи марказӣ низ хеле муфид хоҳад буд, зеро тамоми табақаҳои аҳолӣ имкон пайдо мекунанд, ки аз хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва хона бархурдор гарданд”, изҳор дошт Умеда.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён якдилона қатъномаеро оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ бо мақсади беҳтар намудани тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ қабул намуданд. Дар қатори бисёр масъалаҳои вобаста ба таҳлилу баррасӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводҳои таълимӣ дар соҳаи кори иҷтимоӣ, васеъгардонии татбиқи барномаи ТСМ ва таъсиси ассотсиатсияҳои мактабҳои кори иҷтимоӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон, инчунин ташкили Эътилофи ассотсиатсияҳои мактабҳои кори иҷтимоӣ дар Осиёи марказӣ аз нуқтаҳои муҳими қатънома ба ҳисоб мераванд.