Имруз дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун анъана бо зиёиёни мамлакат мулоқот кард. Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори Наврӯз шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу кард.
Президент бо иброз дошт, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандон, муаррихон ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзуъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.
Барои ба насли оянда шинос кардани ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллӣ дастур дода шуд, ки зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, мунтазам вохӯриҳо гузаронанд.
Таъкид карда шуд, ки ба нерӯи созандаи зиёиёни Ватан бовару эътимод ҳаст ва минбаъд низ пайваста ба ин нерӯ такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ карда хоҳанд шуд.
Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот – Сулаймони Аҳтам – шоири ҷавон, роҳбари маҳфили «Адибони ҷавон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Насима Қосимӣ – аспиранти соли дуюми Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳо ва Низом Қосим – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат, эълони соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд. Дар ин бора вебгоҳи president.tj хабар дод.