4 декабри соли равон дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус бахшида ба Рӯзи шахсони дорои маъюбият (ШДМ) чорабинӣ дар шакли муколамаи тасмимгирӣ, фарогирӣ ва ҷавонон оид ба қабули қарорҳо (Decision making inclusive Youth Talks) баргузор гардид. Ба ин чорабинӣ ба ғайр аз сокинон ва ҷавонони ноҳияи Шаҳритус, аз он ҷумла шахсони дорои маъюбият,  инчунин ҷавонони фаъоли аз 14 то 30 солаи шаҳрҳои Конибодом ва Душанбе, иштирокчиёни онлайн-тренингҳои лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон «Ҳеҷ кас дар канор намемемонад: Фарогир» ва ихтиёриёни шабакаи байналмилалии ҷавонони Y-PEER дар Тоҷикистон тавассути онлайн платформаи Zoom ҳамроҳ шуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ Шаҳло Абдусаломова – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус баромад карда ба ташкилкунандагон ва сарпарастони лоиҳаи барои саҳмгузорӣ ва ҳамкорӣ миннатдорӣ баён кард. Инчунин меҳмони фахрии чорабинӣ ҷаноби Давиде Казале – мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо суханҳои ифтитоҳӣ  баромад намуда, таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамеша ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад.

Абдусалом Рабихов – менеҷери барномаи ТҶ “Ҳамсол ба Ҳамсол” модератори ин чорабинӣ буда, Садам Миров – ихтиёрии шабакаи байналмилалии ҷавонони Y – PEER дар Тоҷикистон, Фотима Шамсиддинова – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони имконияташон маҳдуд “Ноил”, Фаридун Хайруллозода – ровии телевизион ва радио ва директори генералии @avtoradio, Азиза Қаюмова – президенти Федератсияи рақси варзишӣ, Рафаэл Гулов – блогер ва Чоршанбе Аловатов – овозхон, барандаи озмуни байналмилалии “Central Asia’s Got Talent-2019” ҳамчун меҳмонон ва баромадкунандагон иштирок карданд.

Хурсандиовар аст, ки ситораҳои ҷавони тоҷик чорабинии мазкурро дастгирӣ карданд ва дар намунаи худ дар бораи чунин мавзӯъҳои муҳим “Не ба маводи мухаддир!”, “Не ба зӯроварӣ!” ва “Муҳимияти қабули қарор барои рушди худ!” сӯҳбат карданд.

Нотиқон дар баромади худ дар бораи роҳҳои комьёбшуданашон сухан ронда, ҷавононро ба амал ва қабули қарорҳо водор намуданд. Пас аз ҳар як баромад иштирокчиёни чорабинӣ ба маърӯзачиён саволҳои мароқовар доданд. Чоршанбе Аловатов ҳозиронро бо таронаҳои худ шод гардонда, ба чорабинй табъи идона бахшид.

Ба меҳмонон ва иштирокчиён филми “Ҳамроҳ”, ки дар асоси саргузаштҳои воқеии шахсони дорои маъюбият сабт карда шудааст, нишон доданд. Азаматулло Худойбердиев ва ҳама дигар актёрҳо кормандони ТҶ “Шифо” ё баҳрабарандагони лоиҳаи қаблӣ «Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами барномаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритуз», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз тарафи Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон татбиқ карда шудааст, мебошанд. Баъди намоиши филм, тамошобинон бо актёрҳо рӯ ба рӯ суҳбат карда нақлҳои онҳоро гуш карданд.

Дар анҷоми маърака, ҷаноби Давиде Казале, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳамагонро бо ташкил ва баргузории бомуваффақияти ин чорабинӣ табрик намуд.

Худи ҳамон рӯз ярмарка ташкил карда шуд, ки дар он донишҷӯён ва сокинони ноҳия маҳсулот ва аёнияти худро ва донишҷӯён дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи “Ҳеҷ кас дар канор намемонад (Фарогир): Васеъгардонии фарогир ва устувори дастрасӣ ва имкониятҳои ҷавонон тавассути идоракунии электронӣ ва фароҳамсозии шароитҳо”, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон гузаронида шуданд.

Лоиҳа барои мусоидат ба беҳтар кардани иштироки васеъ, ҳисоботдиҳӣ, сиёсатгузории фарогир ва имкониятҳои ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ барои ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони дорои маъюбият дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Конибодом равона карда шудааст. Бо мақсади таҳкими иқтидори намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Каритас Олмон лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи марказӣ – Тоҷикистон” ва ”Шифо” амалӣ менамояд.

Каритас Олмон аз моҳи декабри соли 2007 ин ҷониб бо маблағгузории худ ва дастгирии молиявии BMZ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳоеро амалӣ мекунад, ки ҳадафи онҳо дастгирии гурӯҳҳои осебпазиртарини аҳолӣ, алалхусус шахсони дорои маъюбият тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, коҳиши хатари офатҳо бо фарогирии манфиатҳои шахсони дорои маъюбият ва татбиқи фаъолиятҳои ба даст овардани даромад мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь