Рӯзи 4-уми ноябр Муҳсин Муҳаммадиев, ҳамлагари маъруфи «Помир»-и Душанбе, «Спартак»-и Маскав, инчунин тими миллии футболи Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии букмекерии «Париматч» ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд. Афсонаи футболи тоҷик сафири нави «Париматч» дар Осиёи Марказӣ шуд.
Ин чорабинӣ бо ҳузури матбуот дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе баргузор шуд.
Абдусаттор Ҳасанов, мудири кулли ширкати «Париматч Тоҷикистон» гуфт:
– Имрӯз мо бо хушнудӣ ёддошти ҳамкорӣ бо футболбози маъруф Муҳсин Муҳаммадиев, ки сафири нави «Париматч» дар Осиёи Марказӣ шудааст, имзо мекунем. Муҳсин Муслимович шахсияти маъруфи футбол аст. Итминон дорам, ки ҳамкории мо пурсамар, дарозмуддат ва муваффақ хоҳад буд.
Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари «Помир»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, ҳоло сафири «Париматч» дар Осиёи Марказӣ гуфт:
– Мехоҳам ба ширкати «Париматч», ки маро сафири нави худ дар Осиёи Марказӣ интихоб кард, ташаккур гӯям. Барои ман як қисми ширкате будан, ки дар тамоми ҷаҳон маъруф аст, шарафи бузург аст. Ман воқеан хушҳолам, ки ширкате бо чунин сатҳ ба мисли «Париматч»-ро муаррифӣ мекунам. Ба ин бренд лоиҳаҳои нави муваффақ ва ҷолиб дар Осиёи Марказӣ таманно дорам!