Фаридун Одилов, размандаи тоҷик, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонӣ дар мусобиқаи Eagle FC 51 бо Даурен Ермекови қазоқ мубориза мебарад. Ин набард 12 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон доир хоҳад гашт.
“Мардуми зиёд дар бораи муҳорибаи ман мепурсиданд. Лаҳзае, ки шумо интизор будед, фаро расид. Ба зудӣ ҳамаатонро шод хоҳам кард, агар Ҳақ розӣ бошад. 12 декабр дар Қазоқистон вомехӯрем”, – навиштааст Одилов дар инстаграмми худ.
Ин муҳорибаи 17-уми Фаридун ба ҳисоб меравад. Размикори тоҷик, то ин дам 16 рақобат гузаронида, ба 12 пирӯзӣ даст ёфта, ду бохт ва ду мусовӣ дорад. Охирин муҳорибаи Фаридун 10 декабри соли 2021, дар мусобиқаи Eagle FC 43 баргузор шуд ва варзишкори испанӣ Инок Солвес Торресро тариқи накаут шикаст дод. Фаридун Одилов миёни ҳаводорони ин навъи варзиш бо унвони “терминатор” машҳур аст. Ҳарифи Фаридун, Даурен Ермакови қазоқ 21 муҳориба дошта, 16 ғалаба ва 5 бохтро дар корномаи варзишии худ сабт намудааст.
Муҳорибаи Фаридун ва Даурен набарди асосии мусобиқаи Eagle FC 51 ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар ин мусобиқа ду рақобати дигар миёни размандагони рус Ренат Ондар бо Ренат Хавалов ва Денис Измоденов бо Имом-Шопи Мухторов баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи Eagle FC моҳи январи соли 2022, ба хотири гиромӣ доштани равони Абдулманап Нурмагомедов, падари размикори машҳури UFC Ҳабиб Нурмагомедов, ташкил шудааст.
Давлати Абдулло