Олимоне, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) кор ва фаъолият мекунанд, дар бораи навъи лӯбиёе, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, мақола нашр карданд.

Таҳқиқоти ДОМ ба деҳқонон дар мубориза бо мушкилоти агротехникӣ, ки ба баландкӯҳҳои хушкзамини Афғонистон хос аст, кӯмак хоҳад кард. Кори анҷомёфта бахусус дар давраи бӯҳрони дар пешистодаи озуқа дар ин мамалакат аҳамияти калон дорад. Тибқи пешгӯиҳои Таснифоти Ҳамгирошудаи Амнияти Озуқаворӣ (IPC) барои соли 2022, 23 миллион нафар ё тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон дар шаш моҳи оянда ба норасоии шадиди ғизо дучор шуда аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.

Лӯбиё дар баробари дигар зироатҳои лӯбиёгӣ дар ғизои мардуми Афғонистон нақши муҳим дорад. Лӯбиё аз антиоксидантҳо, минералҳо ва витаминҳо бой аст ва дорои моддаҳои кимиёвие мебошад, ки ба коҳиш додани хатари саратон мусоидат мекунанд.

Дар солхои охир дар хоҷагиҳои Афғонистон киштукори лӯбиё афзуд. Бо вуҷуди ин, дар парвариши лубиё як мушкилоти ҷиддие ба вуҷуд омад: лӯбиёи маъмулӣ ба объёрии зиёд мӯҳтоҷ дорад. Масалан, таҳқиқотҳои Бразилия, Чили ва Эрон нишон медиҳанд, ки норасоии об ҳосилнокии лӯбиёгиҳоро паст мекунад.

Афғонистон бо иқлими хушк ва нимхушки худ ва бо боришоти хеле кам дар тобистон маъмӯл аст. Дар даҳсолаҳои охир хушксолие, ки боиси норасоии об гардид ба манотиқи хушки кӯҳистон таъсири манфӣ расонд. Ин хушксолӣ боиси хеле кам шудани заминҳои корам ва паст шудани ҳосилнокӣ гардид. Боришоти кам мушкилоти иловагиро барои амнияти озуқавории оилаҳои афғон, бахусус кӯдакон эҷод мекунад.

Таҳқиқоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Бомиёни Афғонистон анҷом дода шудааст. Мардону заноне, ки аз муаллимон, ходимони ҷавони илмӣ ва донишҷӯён иборат буданд дар таҳия ва иҷрошавии лоиҳаҳо саҳми худро гузоштанд. Ин лоиҳаҳо дар асоси амнияти озуқаворӣ, беҳбуди воситаҳои зиндагӣ ва ҳифзи захираҳои экологӣ дар вилояти Бомиён, саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки ин вилоят дар қисми ғарбии кӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир буда, бо зимистони хунук ва боришоти кам фарқ мекунад.

Барои баҳисобгирии ҳама гуна фишори экологӣ, муҳаққиқон дар тӯли ду сол як қатор таҳқиқотҳоро бо лӯбиё анҷом доданд. Дар соли 2018 онҳо якчанд навъҳои лӯбиёи маъмулӣ, аз ҷумла лӯбиёи ало, сурх, сафед, сиёҳ ва холдор шинонданд. Дар охири соли аввал олимони ДОМ ду навъи лӯбиёро муайян карданд – лӯбиёи сурх ва лӯбиёи ало, ки ба шароити иқлими хушк мутобиқ буда, нисбати дигар навъҳо тезтар расида, ғундошта мешаванд. Ҳосили барвақт имконият медиҳад, ки растаниҳо аз норасоии об, ки дар мавсими охири парвариш ба амал меояд, ранҷ накашанд.

Дар соли дуюм лӯбиёи сурх вазн ва ҳосилнокии баландро нишон дод. Вазни зироатҳои лӯбиёгӣ нишондиҳандаи қобилияти растанӣ барои муқовимат ба бемориҳо, ҳашаротҳо ё шароити номусоиди муҳити зисте, ки зичии маводи ғизоиро кам мекунад, мебошад. Вазни баланди лӯбиёгиҳо одатан арзиши баланди энергетикии онҳоро нишон медиҳад.

Ҳосилнокӣ вазни зироатро дар як қитъаи мушаххас дар назар дорад, ки омили дигари муҳим барои маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Инчунин, ҳосилнокӣ барои ба даст овардани даромади бештари деҳқонон муҳим аст.

Дар таҳқиқоти ДОМ, ки ба наздикӣ дар маҷаллаи Agronomy нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “бо назардошти иқлими хушк ва сахти минтақаи марказии кӯҳистони Афғонистон, бахусус вақте ки оби обёрӣ маҳдуд аст, кишти лӯбиёи сурх беҳтарин усул мебошад”. Бо вуҷуди ин, ҳар ду навъ — лӯбиёи сурх ва ало — барои хоҷагии қишлоқи вилоят мувофиқ дониста мешаванд.

Корҳои саҳроӣ дар Афғонистон дар чаҳорчӯби барномаи сесолаи ДОМ “Роҳҳо сӯи навоварӣ” (P2I) барои пешбурди дониш ва малакаҳои таҳлилӣ дар риёзиёт, илм ва сиёсати иқтисодӣ дар Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ карда шуданд. Барнома аз ҷониби Маркази таҳқиқоти байналмилалии рушд ва Бунёди Оғохони Канада маблағгузорӣ шудааст.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар вилояти Бомиён панҷ лоиҳаи таҳқиқотӣ амалӣ гардиданд. Лоиҳаҳо ба ҳалли як қатор масъалаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, аз ҷумла таҳлили хароҷот ва фоидаи навъҳои гуногуни зироат; роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии замини зироатҳои анъанавӣ ё навъҳои нав, аз ҷумла зироатҳои мавсимӣ; муайян намудани зироатҳои ба хушкӣ тобовар, ки ба тағйироти шадид ва пешгӯинашавандаи обу ҳаво мутобиқ бошанд; ва кор карда баромадани роҳҳои беҳтар намудани зиндагии ҷомеа, аз қабили сайёҳӣ ё идоракунии об, равона шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here