Пас аз се рӯзи суқути қудрати Башор Асад, дар шаҳрҳои Сурия ниҳодҳои давлатӣ, бонкҳо ва дӯконҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Муҳаммад ал-Башир то 1-уми марти соли 2025 иҷрокунандаи вазифаи сарвазири ҳукумати муваққати Сурия таъин шуд, хабар медиҳад Al-Arabiya.
Ал-Башир муҳандис ва хатмкардаи ҳуқуқ аст. То чанде пеш вай дар ҳукумати ба истилоҳ “наҷоти миллӣ” дар Идлиб сарвазир буд.
Ал-Башир соли 1983 дар вилояти Идлиб ба дунё омада, соли 2007 Донишгоҳи Ҳалабро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва электроника хатм кардааст ва соли 2021 дар Донишгоҳи Идлиб дараҷаи шариат ва ҳуқуқро гирифтааст. Дар соли 2022 вай дар ҳукумати наҷоти Сурия вазири рушд ва умури башардӯстона таъйин шуд.
Муҳаммад ал-Башир аз шарикони раҳбари гурӯҳи Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (дар Тоҷикистон мамнуъ) Абу Муҳаммад ал-Ҷулонӣ аст. Ӯ назорат дар соҳаи амният ва таъмини интиқоли осоиштаи қудратро аз авлавиятҳои ҳукумати давраи гузариш номид.
Сарвазири собиқ Муҳаммад Ғозӣ ал-Ҷалолӣ ваъда дод, ки қудратро бо роҳи осоишта интиқол медиҳад. РБК бо истинод ба Al Arabiya ва Al Hadath хабар медиҳад, ки яке аз аввалин тасмимҳои ҳукумати муваққати Сурия ин буд, ки ба ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ба қудрат расидаанд, дастур додааст, шаҳрҳои ишғолкардаашонро тарк кунанд. Ба ҷои онҳо полис ва нерӯҳои амниятӣ хоҳанд омад.