Президенти Русия Владимир Путин сафари дурӯзааш аз Муғулистонро дар ҳоле ба поён расонд, ки расонаҳо дар бораи эҳтимоли боздошт шудани ӯ бо амри Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро (ICC) ба чолиш кашида буданд.
Ба навиштаи расонаҳо, дар майдони асосии Улан-Батор президенти Русияро аз ҷумла фаъолони маҳаллӣ бо парчамҳои зарду кабуди Укроин ва навштаҷот бо талаби ба ҳабс гирифтани ӯ пешвоз гирифтанд.
Тибқи иттилои расмӣ, Путин барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 85-умин солгарди пирӯзии муштараки нерӯҳои Шӯравӣ ва Муғулистон бар нерӯҳои мусаллаҳи Ҷопон дар рӯдхонаи Халхин Гол вориди Муғулистон шуда буд.
Аммо шояд бузургтарин пайомади ин сафар ин буд, ки президенти Русия барои нахустин бор пас аз содир шудани ҳукми боздошти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, тасмим гирифт, аз кишваре, ки Оинномаи Румро тасвиб кардааст, боздид кунад. Пеш аз ин Путин ба Африқои Ҷанубӣ ва Арманистон, ки онҳо низ муваззафанд, қарорҳои ICC-ро иҷро кунанд, нарафта буд.
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе аз Муғулистон барои иҷро накардани ҳукми боздошти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ интиқод кард.