Дар Улан-Батор, пойтахти Муғулистон, парлумон ба далели эътирозҳои вобаста ба дуздии ангишт ба мачҷлиси гайринавбатй даъват карда шуд. Эътирозгарон исми афроди дар дуздии 1,8 миллиард доллар даст доштаро талаб доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Чин, ки ангишт ба онҷо фиристода шуда буд, афроди ба ин дуздӣ муттаҳам кайҳо эъдом шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, мизони ангишти содиротӣ аз Муғулистон аз миқдоре, ки Чин гирифтааст, фарқ мекунад. Дар ин замина дар кишвар тазоҳуроти эътирозӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар Чин афроде, ки дар дуздии ангишт даст доштанд, эъдом шудаанд ва рӯйхатеро фиристодаанд, ки дар он исми мансабдорони Муғулистон зикр шудааст. Эътирозгарон талаб карданд, ки номи афроде, ки дар дуздии ангишт даст доранд, эълон шавад.

Тазоҳуркунандагон талош доранд, ки бинои ҳукуматро забт кунанд. Онҳо арчаи солинавии майдони марказии шаҳрро оташ зананд. Гуфта мешавад, ки парлумони Муғулистон барои эълони вазъи фавқулодда омодагӣ мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь