30-юми сентябр дар толори кории МДТ «Донишгоҳи давлатии   тиббии Тоҷикистон ба номи Абуаллӣ ибни Сино Нушервони Билоли Халилиён рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисоси 6D110201 – Беҳдошти номзади фанҳои тибро ҳимоя кард.     

Мавзуи рисола «Хусусиятҳои хоси шароитҳои меҳнати ронандагони нақлиёти автомобилии мусофиркашон ҳангоми кор дар шароитҳои иқлими гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки таҳқикот дар кафедраи беҳдошт ва экологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуаллӣ ибни Сино анҷом дода шудааст.

Дар дифои рисола саҳми роҳбари илмӣ Бобоев Абдунаим Бобоевич доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи беҳдошт ва экологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуаллӣ ибни Сино, мушовири илмӣ  Ретнев Владимир Михайлович, доктори илмҳои тиб,  профессори кафедраи беҳдошти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиббии шимолу ғарби ба номи И.М.Мечникови ФР, муқарризони расмӣ Мамирбаев Арстан Абраманович, доктори илмҳои тиб,  профессори кафедраи фанҳои беҳдоштӣ ва бемориҳои касбии ҶСҒ «Донишгоҳи тиббии Қазоқистони Ғарбӣ ба номи Марат Оспанов», Ахмедова Арофат Раҷабовна, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи асосҳои таълими тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаётии ДМТ зиёд аст.

МТЖТ ба фарзанди Билоли Шамс, хабарнигори махсуси марказ дар вилояти Хатлон, ин дастовардро табрик мегӯяд ва таманнои онро дорад, ки донишаш аз ин низ афзун гардад ва ҳамеша дар пайи хизмат ба халқу ватани худ бошад. Фархунда бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь