21-22 майи соли равон дар доираи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳа тренинг 2 рӯза дар мавзӯи “Муаррифии умумии таҳсилот ва баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият” барои 30 корфармо аз 5 соҳаи  афзалиятноки иқтисоди кишвар (сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия), кормандони МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва мутахассисони дахлдори Гуруҳи идоракунии лоиҳа гузаронида шуд.

Дар рафти тренинг иштирокчиён вобаста ба методологияи навовари таҳсилот дар асоси салоҳият (ТАС),бартарии ТАС  ва муқоиса бо таҳсилоти анъанавӣ, баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият- бартарӣ ва муқоиса бо имтиҳони анъанавӣ, нақши соҳа/корфармоён дар ҷорӣ намудани методологияи ТАС ва баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият, принсип ва равишҳои баҳодиҳӣ ва таҳияи воситаҳои баҳодиҳӣ омӯзонда шуданд. Бо мақсади гузарондани корҳои амалӣ ва худомўзӣ иштирокчиён  ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ба ҳар гурӯҳ вазифаи мушаххас дода шуд.

Талаботи асосии методологияи навовари таълим дар асоси салоҳияти касбӣ ин ҳамкории доимии муассиасаҳои таълими касбӣ бо корфармоён дар таҳияи Стандартҳои салоҳиятҳои ҳар як касб, иштироки намояндагони истеҳсолот дар ҷараёни таёр кардани мутахасисон, ташкили таҷрибаомӯзии хонандагон дар заминаи истеҳсолоти корхона ва ғайра мебошад.

“ Дар баҳодиҳии тамомкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ аз рӯи методологияи ТАС иштироки баҳодиҳандагон аз тарафи корфармоён ҳатмӣ аст. Методология талаб мекунад, ки шумораи баҳодиҳандагон аз истеҳсолот дар шӯрои баҳодиҳӣ бояд то 60-70%-ро ташкил диҳад, зеро корфармо аз ҳама беҳтар медонад, ки мутахассиси оянда чиро бояд донад ва кадом корро дар кадом сатҳ иҷро кунад. Барои баҳодиҳанда шудан аз рӯи методологияи навовар кормандону корфармоён бояд мазмун, мундариҷа ва гузаронидани ҷараёни баҳодиҳиро хуб донанд. Барои ҳамин ҳам тренинги махсус барои баҳодиҳандагони оянда аз тарафи Гуруҳи идоракунии лоиҳа ташкил карда шуд”, мегӯяд, Мунира Иноятова, роҳбар ва ҳамоҳангсоз оид ба рушди методогияи ТАСи лоиҳаи мазкур.

Бояд қайд кард, ки чунин тренинг рӯзи 23 майи соли равон барои кормандони МД Маркази таълимӣ калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД  филиалҳои маркази таълимӣ калонсолон гузаронида мешавад.

Дар бораи лоиҳа

 Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Ҳадафи асосии Лоиҳа навовар намудани методологияи тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин  лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардида аст.

Амалигардонии Лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуда дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар аз худ намудаанд, машғул мешавад. Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа омӯзиши духтарон ба касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ литсейи интихобшуда озмоиш хоҳад шуд.

Варақаи иттилотӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь