Наздик ба 45 мутахассиси соҳаи мӯд ва дӯзандагӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон давраи омӯзишии дӯзандагии “Тарроҳӣ ва дӯхти либос: Блейзер (жакет)-и занона”-ро бо истифода аз технологияҳои замонавии тарроҳӣ бомуваффақ хатм карданд.

Ҷаҳоноро Усмонова, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва хатмкардаи ин давраи омӯзишӣ, мегӯяд: “Сохтани қолаби либос дар тарроҳии мӯд ва таҳияи либос марҳилаи калидист. Ин давраи омӯзишӣ ба мо имкони хуб фароҳам овард, то омода намудани костюми занонаро сар карда аз тарроҳӣ то дӯхтани он пурра омӯзем”.

Давраҳои омӯзиширо коршиносони Маркази тиҷорати байналмилалӣ Ирина Танноус-Филичкина, ки ҳамзамон, намояндаи расмии мактаби олмонии либосдӯзии “M.Müller & Sohn” дар Федератсияи Россия мебошад, ва Татяна Думина технолог, омӯзгори WorldSkills Russia, баргузор карданд. Мизбони давраҳои омӯзишии якҳафтаина Марказҳои таълимӣ-омӯзишии дӯзандагии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки бо мусоидати МТБ таъсис ёфтаанд, буданд.

Дарсҳо ҳам назария ва ҳам амалияи қолабсозиву таҳияи либос ва дӯхти онро фаро гирифтанд. Иштирокчиёни он қолабсозӣ ва дӯхтҳои гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ омӯхтанд ва тарроҳиву дӯхти гуногуни блейзерро таҷриба карданд.

Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои лозимаи андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либос таълим дода шуд. Раванди тарроҳӣ ва дӯхти блейзер, аз ҷумла, дӯхтани кунҷу канорҳо, хатҳои рост ва пурра такмил кардани он қадам ба қадам ба иштирокчиён нишон дода шуд.

Тренери ин давра Ирина Танноус-Филичкина гуфт: “Донишҳоеро, ки иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ аз бар карданд, ба онҳо имкон медиҳанд, то раванди қолабсозиву либосдӯзиро замонавӣ карда, дар истеҳсоли  инфиродӣ ва умумӣ истифода баранд”.

Ҳангоми дарсҳо аз услубҳои гуногуни таълимӣ, ба монанди презентатсияҳо, лексияҳо, ва корҳои амалии гуруҳиву инфиродӣ истифода шуд. Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиёнаш имконияти фавқулодае барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзиро фароҳам овард, ки онҳо баъдан ин донишҳоро ба ҳамкоронашон ва донишҷӯён интиқол хоҳанд дод.

Дар анҷом ба иштирокдорони он гувоҳномаи иштирок ва хатми бомуваффақи он супурда шуд.

Давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь