Шаш корхонаи коркарди хушкмеваҳо аз Исфара, бозигарони калидии бозори хушкмеваҳо дар Осиёи Марказӣ, дар намоишгоҳи мӯътабари байналмилалии SIAL, ки рӯзҳои 19-23-юми октябри соли 2024 дар Порис баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
“Баракат Исфара”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, “Водии меваҳо”, “Висол”, ҳамчунин, “Меваи заррин” барои иштирок дар ин намоишгоҳи бузурги ғизо ва нӯшокӣ ба 7500 иштироккунандаи дигар пайваста, маҳсулоти тозатарини худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд. Ба ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, намояндагони боз ҳафт корхонаи дигар, Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (МАПЭСТ) ва Ассосиатсияи соҳибкорони Хатлон ба ҳайси боздидкунанда шомиланд.
Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар сатҳи ҷаҳонӣ шинос шаванд.
Саидмӯъмин Камолов, роҳбари миллии лоиҳаи TPE дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Иштирок дар ин намоишгоҳ намунаи талошҳои МТБ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти волосифати гуногун дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ, ширкатҳои мо азм доранд, то шарикони эҳтимолии хориҷиро аз миёни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб карда, ҳамкориҳои тиҷоратиро ба нафъи кишвар рушд диҳанд.”
SIAL Порис як бор дар ду сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ барои 60-умин бор ширкаткунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳои стратегӣ гирди ҳам меорад.
Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо ташриф меоранд.
Лутфулло Ортиқов, мудири тиҷоратии ширкати “Водии меваҳо”: “Иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои беруна муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои нав дар бозор, талабот ва интизориҳои бозор шинос шавем ва аз навгониҳо низ огоҳ гардем”.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар мизҳои мудаввар, семинарҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, бо баррасиҳои босамар доир ба равандҳои нав дар соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид дарёфт мекунанд, ки ҷиҳати рақобатпазир боқӣ мондан дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд. Ин чорабинӣ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар гардонида, худи онҳоро ба ҳайси бозигарони муҳимми бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳимманд.