Донишҷӯёни соҳаи мӯд ва дӯзандагӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара мавсими нави таҳсилро бо дастрасӣ ба ду Маркази нави таълимӣ-омӯзишӣ оид ба дӯзандагӣ оғоз мекунанд. Марказҳои мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва дар назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) ва Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) муҷаҳҳаз ва боз шудаанд.

Дар ҳар ду марказ аллакай гурӯҳҳои нахустин нозукиҳои дӯзандагии замонавиро омӯхтанд. Мусоидат ба рушди соҳаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз муассисаҳои таълимии соҳа ҷузъи муҳими фаъолияти Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ мебошад ва бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария амалӣ мегардад.

Вилояти Хатлон сернуфустарин минтақаи Тоҷикистон ва хонаи сеяки аҳолии кишвар аст. Соҳаи кишоварзӣ, махсусан, пахтапарварӣ дар минтақа рушд кардааст ва барои соҳаи саноат имкониятҳои хуб дар минтақа вуҷуд дорад. Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба занону ҷавонони маҳаллӣ барои дарёфти кору даромади беҳтар имконият фароҳам меорад.

Марказҳои таълимӣ– омӯзишӣ оид ба дӯзандагӣ дар Хатлон савумин ва чаҳорумин чунин марказҳо дар Тоҷикистон мебошанд, ки аз ҷониби МТБ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар таъсис ёфтаанд. Марказҳои таълимӣ–омӯзишӣ оид ба дӯзандагӣ холигӣ миёни бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимиро пур мекунанд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ ва тарбияи кадрҳои лозима барои соҳаи дӯзандагӣ нақши муҳимро мебозанд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “МТБ ҷиҳати дастрасии донишҷӯён ба таҷҳизоту технологияҳои навтарини соҳа, аз ҷумла, мошинаҳои замонавии дӯзандагӣ, барномаҳои компютерии тарроҳӣ, ва ғайра мусоидат мекунад. Лоиҳаи GTEX ҳамаи барномаҳову таҷҳизоти лозимаро ба марказҳои таълимӣ тақдим кардааст. Лоиҳа иқтидори марказҳоро тақвият дода, дар таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба ниёзҳои соҳа саҳм мегузорад”.

Феълан, дар Донишгоҳи давлатии Данғара тақрибан 900 донишҷӯ ва дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб наздик ба 300 донишҷӯ мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ, ресидани нахи табиӣ, коркарди аввалия ва ресидани тору пуд, технологияи корхонаҳои дӯзандагию нассоҷӣ, бофандагии бадеӣ, моделиронии костюм, дизайн ва ҳунарҳои дигари соҳаро меомӯзанд.

Нуралӣ Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара: “Дар замоне, ки фазои рақобатпазирӣ васеъ мегардад, рушди муваффақонаи ҳар соҳаеро мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мекунанд. Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ ба рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва ворид кардани технологияҳои нав ҳам ба раванди таълим ва ҳам ба истеҳсолот мусоидат мекунад. Барқарор сохтани иртибот байни муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолот ба роҳ ёфтани маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои нав саҳм мегузорад”.

Алмосшо Шоев, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб: “Бо таълим ва технология марказ ҳадаф дорад, то ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ нерӯи кории таълимдидаву тамриндида пешниҳод кунад. Дар  баробари ин, марказ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро мебозад”.

Донишгоҳҳо ҳадаф доранд, ки бо кӯмаки фаннии МТБ, корхонаҳо, ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, дар мавзӯъҳои соҳавӣ мавод ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия кунанд ва маводи таълимии мавҷударо ба шароити нав мутобиқ созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here