Хонандагони як мактаб дар Душанбе аз як дӯсташон мошинеро гирифта, савори сабукрав дар кӯчаҳо сайр мекарданд, ки ба садама дучор шуданд ва як нафаре аз онҳо ба ҳалокат расид.
ВКД аз садамаи нақлиётӣ бо иштироки хонандагони МТМУ рақами 89 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳодиса 16-уми октябр, тахминан соати 19:00 рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», ноболиғ Шарифов Аҳмадшо Амирқулович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Авули пойтахт, дар кӯчаи Тунис аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Юсуфов Саид Идибекович, соли таваллудаш 1993 ва Маҳмадшоев Салимҷон Бегиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокинони кӯчаи Авулро зер карда, баъд ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Ҳафизов Азиз Машрабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигар мусофирони автомашинаи мазкур Манучеҳри Уктам, Раҷабов Шариф Илҳомиддинович, соли таваллудашон 2002, сокинони шаҳри Душанбе ва пиёдагард Юсуфов С.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар МТМУ рақами 89-уми ноҳияи Синои пойтахт аз садама бо иштироки хонандагон, ки боис ба марги як хонанда ва ҷароҳат бардоштани дигарон гардид, гуфтанд, ки ҳодиса берун аз соати дарсӣ рух додааст ва онҳо муқассир нестанд.
Директори мактаби мазкур Файзинисо Махсудова дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ҳодиса шабона рух додааст ва дар он муаллимону мактабро гунаҳгор донистан нашояд.
– Бачаҳо дар корҳои ҷамъиятии мактаб иштироки фаъол доштанд. Фақат Шарифов Аҳмадшо дар чанд дарс набуд, ки падарашро даъват ва суҳбат кардем. Онҳо як оилаи миёнаҳоланд. Ӯ дар назди бинои истиқоматияшон ба фурӯши меваву сабзавот машғул будааст. Дар ШВКД-2 ноҳияи Сино ман бо Шарифов Аҳмадшо суҳбат кардам. Ӯ гуфт, намедонад ҳодиса чӣ хел шуд. Дар бораи соҳиби мошин ва чӣ хел ба дасти онҳо расидани мошин чизе нагуфт. Фақат гуфт, ки “муаллима, бачагӣ кардем”, – гуфт директори мактаби рақами 89 Ф. Махсудова.
Падари Аҳмадшо Амирқул Шарифов дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ гуфт, писараш дар боздошт аст ва намедонад оқибаташ чӣ хоҳад шуд.
– Ман мошини шахсӣ надорам ва намедонам писарам мошини киро ва чӣ хел гирифта, аст, – гуфт А. Шарифов.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилии кишвар Умарҷони Эмомалӣ дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, мошин аз Фаррух ном як рафиқашон будааст, ки бачаҳо гоҳ-гоҳ ба он нишаста, мусиқӣ гӯш мекардаанд.
– Қабл аз садама онҳо якҷоя будаанд ва ронанда калидҳои мошинро бо худ нагирифта, ба куҷое рафтааст. Бачаҳо мошинро рондаанд ва ҳамин ҳодиса рух додааст, – гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба ронандаи ноболиғ Шарифов Аҳмадшо бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Нисбат ба соҳиби нақлиёт барои он ки мошинро беназорат гузошта калидро ба каси дигар бовар додааст, санади маъмурӣ тартиб дода шудааст, 15 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 15 шабонарӯз ҳабсро дар назар дорад.
Як манбаи огоҳ аз қазия ба “Фараж” гуфт, соҳиби нақлиёт дар кӯчае, ки бачаҳо зиндагӣ мекунанд, дӯкони “Тез тайёр” доштааст ва барои рондани мошин аз бачаҳо ҳар бегоҳ 30 сомонӣ ҳақ мегирифтааст. Кӯшиши мо барои суҳбат бо Фаррух бенатиҷа анҷом шуд, зеро дари дӯкони “Тез тайёр”-ро баста ёфтем.