Рустам Ашӯров, як тоҷике, ки рӯзи 30-юми июн дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсарро ҳадафи тир қарор дод, бар асари захмҳои 10 тири хӯрдааш ҳангоми боздошт, даргузашт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Бозрасии генералии полиси Вазорати корҳои дохилии Молдова хабар медиҳад.
Қаблан раиси бозрасии полис Виорел Чернаутану зимни брифинг гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо афсарони нерӯҳои вижае, ки ба фурудгоҳ омада буданд, худдорӣ кард. Вай ҳангоми боздошт даҳ захми тир гирифтааст, ки баъд аз ҷарроҳӣ ба ҳуш наомадааст.
Бино ба иттилои Виорел Чернеутеану, ки зимни брифинг гуфта буд, Рустам Ашӯров 7 сол дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
Рӯзи ҷумъа дар фурудгоҳи Кишинёв Ашӯровро ба ин шаҳр роҳ надоданд, ӯ аслиҳаи яке аз нозирони фурудгоҳро ғасб карда, оташ кушод. Дар натиҷа як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳ кушта шуданду як меҳмон захмӣ шуд.
Президенти Молдова Майя Санду 4-уми июлро ба ёди онҳое, ки дар фурудгоҳ фавтидаанд, рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи шанбеи 1-уми июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, гумонбар дониста мешавад.