Имрӯз дар бинои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО ва аҳли фарҳанг бахшида ба Рӯзи модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Ҷ. Қурбонзода ҳамаи иштирокчиёнро хуш омадед гуфта, бо истинод ба суханони сарвари давлат зикр кард: “Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозаи арзандае арзиш дорад, ки метавон гуфт, ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад”.
Дар охири чорабинӣ ҳама бонувони қаламкаш бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарафроз гардонида шуданд.
Блоки рекламавӣ