25-уми сентябри соли 2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ соҳибкорӣ ва хизмат мизи мудаввар бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзуи «Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: воқеият ва дурнамо» бо ишироки намояндагони доираи васеи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, вазоратҳои марбута, устодону донишҷӯёни донишкада ва намояндаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мизи мудаварро ректори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Убайдулло Асрорзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни мизи мудавварро хайрамақдам гуфт ва роҷеъ ба мавзуи мизи мудаввар ва ҳадафҳои он суханронӣ кард. Баъдан сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат н.и.и., дотсент Бобоев А.М. суханронӣ карда, муҳимияти баргузории чорабинии мазкурро вобаста ба натиҷагирӣ аз натиҷаи баргузории саммити ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ дар Душанбе арзёбӣ кард.

Дар мизи мудаввар муовини сардори раёсати таҳлили ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабборов Маъруф Абдуазизович дар мавзӯи «Тоҷикистон ва СҲШ: 20 соли ҳамкории муваффақ» маърӯза намуда, оид ба фаъолияти ин созмони пурнуфузи байналмилалӣ аз замони таъсисёбиаш то ин замон ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи он натиҷагирӣ намуд. Махсусан нақши созмони мазкур дар амнияти минтақа, рушди муносибатҳои дипломатӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, робитаҳои боэътимод ва неки ҳомсоядорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти баргузории мизи мудавар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Ҷумъаев Б.М. дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии он ба гурӯҳҳои ҳамгироии минтақавӣ дар мисоли СҲШ, ИДМ, ва ИИАО» маъруза карда, масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии он ба иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор дод. Аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар гурӯҳҳои ҳамгироии минтақавӣ дар маърӯза асоснок карда шуда, таҳдидҳое, ки аз ин раванд бар меоянд, дақиқ карда шуданд. Дар маърӯза як қатор нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳисоб карда шуданд, ки миқёс ва динамикаи ҳаҷми ҷараёни мутақобилаи гардиши молро байни гурӯҳҳои ҳамгироӣ тавсиф мекунанд, ҳамчунин дараҷаи ҳамгироии бозори молҳо ва сармояи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ИДМ, ИИАО ва СҲШ ва СУС муайян карданд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки новобаста аз қимати баланди гардиши мутақобилаи гариши мол бо кишварҳои СУС, интегратсияи бозори молҳои Тоҷикистон дар доираи гурӯҳбандии минтақавии интегратсионӣ ба мисли СҲШ бо суръати баландтар рушд карда истодааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳамгироии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии молҳо бо суръати баланд дар муқоиса бо бозорҳои ҷаҳонии сармоя ба амал меояд.

Дар натиҷаи таҳлили гузаронидашуда, як қатор тавсияҳои илмӣ ва амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири таҳдидҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии он аз иқтисоди ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд.

Дар ниҳоят аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар музокирот ба роҳ монда шуда, Қатъномаи ягона нисбат ба натиҷаи он қабул карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь