Шоми 31 декабр, дар арафаи истиқбол гирифтани Соли нави мелодии 2022, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тарики шабакаи аввали телевизиони кишвараш тамоми мардумро бо фарорасии Соли нави 2022 табрику шодбош гуфт.

-Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу гуворо барои ҳамаи шумо саломатӣ, сулҳу амонӣ ва саодатмандӣ таманно мекунам! Имрӯз, дар остонаи Соли нав қарор дошта, соли сипарӣ шудаистодаро бо шодиву нишот гусел мекунем. “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ” дар ҳаётамон нақши дурахшон гузошт. Мо паҳлӯи ҳам истода, корҳои зиёдро анҷом додем. Сарфи назар аз оқибатҳои пандемия ва буҳрони ҷаҳонӣ, мамлакат ба рушди баланди иқтисодӣ ноил гардид. Корхона, кластер ва технопаркҳои зиёд ва инфрасохтори замонавӣ ба вуҷуд оварда шуданд,-афзуд Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон иморатҳои нави истиқоматӣ, кӯдакистонҳо, мактаб ва муассисаҳои таълимоти олӣ, объектҳои тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд мегарданд. Инчунин соҳибкорӣ дар байни занон ва ҷавонон бо суръати баланд инкишоф меёбад. Деҳқонон ва фермерони меҳнаткаш дар соли сипарӣ шудаистода ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Тавре ки Шавкат Мирзиёев боз тазаккур дод, шаҳру деҳоти кишвараш обод гардида, намои нотакрори Ӯзбекистони Нав ташаккул меёбад. Ҷавонон бо дастовардҳояшон мардуми кишварашро хушҳол менамоянд. Нуфузи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.

-Бо истифода аз фурсати муносиб шарикони хориҷӣ, мардумони тамоми мамлакатҳоро бо Соли нав табрик менамоям, барояшон сулҳ ва шукуфоӣ таманно мекунам,-изҳор кард Мирзиёев.

Вай дар пайи ироаи табрики солинавӣ гуфт, ки ислоҳот дар ин мамлакат хусусияти бемайлон касб менамоянд ва ба мақсади амиқсозии он Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав таҳия шудааст. Ин стратегия «Барои шараф ва қадри инсон»-ро мадди назар гирифтааст.

-Бо дарназардошти натиҷаҳои гуногунандешӣ соли 2022-ро дар мамлакатамон «Соли таъмини манфиатҳои инсон ва рушди маҳалла» эълон мекунам,-гуфт Шавкат Мирзиёев.-Ин, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳои қонунии ҳар як сокини Ӯзбекистонро бозтоб медиҳед. Дар ин бобат маҳалла чун асоси ҷамъиятамон нақши ҳалкунанда дорад,-изҳор кард зимни ироаи табрики солинавӣ Шавкат Мирзиёев.

Вай илова кард, ки соли 2022 суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳибкориро хоҳад афзуд, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор дар маркази таваҷҷӯҳи ӯ қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ, афзоиши миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар мегарданд.

-Вазифаи ободу зебо гардонидани мамлакат, роҳандозии сохтмонҳои замонавӣ дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла, дар мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» аз авлавияти вазифаҳои мо боқӣ мемонад. Мехоҳам ҳамаи шуморо бовар кунонам, ки бо тамоми қувва ва сафарбаркунии имконот ҳаёти халқамро боз ҳам фаровонтар мегардонам,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь