Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суҳбат бо мухбири нашрияи “Казахстанская правда” (“Ҳақиқати Қазоқистон”)  гуфтааст, ки дар Ӯзбекистон шаъну шараф ва қадри инсон дар ҷои аввал меистад ва тамоми талошҳои ӯ ба ҳайси роҳбари давлат барои ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвараш равона шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари боло бурдани сатҳи иқтисодиёт ва ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ соли 2030 Ӯзбекистон ба қатори кишварҳое шомил хоҳад шуд, ки даромади он нисбат ба сатҳи миёнаи аҳолӣ баланд мебошад.

“Дар доираи татбиқи ғояи “Аз стратегияи амал то стратегияи рушд” мо ният дорем, ки роҳро дар самти таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома диҳем”, гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Вай афзудааст, ки дар ин замина таъмини амнияту субот ва устувории қонун, инчунин пиёда кардани сиёсати одилонаи иҷтимоӣ ва бунёди Ӯзбекистони навин ҳадафи асосӣ қарор гирифтааст. Ба таъкиди ӯ расидагӣ ба ин аҳдоф бидуни ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо имконнопазир мебошад.

“Бешубҳа, ояндаи минтақаи мо, дурнамои амиқсозии амнияти минтақавӣ, рушд, шукуфоӣ ва амнияту субот дар тамоми Осиёи Марказӣ ба таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон робита дорад”, изҳор кардааст президент Мирзиёев.

Вай қайд намудааст, ки мехоҳад Ӯзбекистону Қазоқистон шарикони табии иқтисодие бошанд, ки якдигарро пурра кунанд. Зеро барои он имкониятҳои кофӣ вуҷуд доранд. Бар ин асос ҳаҷми табодули мол дар соли равон қариб ба 40 дарсад афзудааст ва то ниҳояти сол он ба 4 миллиард доллари амрикоӣ хоҳад расид.

“Бо дарназардошти мавқеъи геостратегии кишварҳои мо, бахши муҳими ҳамкориҳоямон марбути нақлиёт ва логистика мебошад. Сухан дар бораи сохтмони роҳи оҳани Учқудуқ-Қизилӯрда, инчунин ба кор андохтани поезди баландсуръати Туркистон-Тошканд меравад. Солҳои охир ҳаҷми интиқоли мавод тавассути роҳи оҳан ва автомобил хеле афзуд. Дар мо парвози ҳавопаймоҳо пурра барқарор шудааст”, тазаккур додааст Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон зимни суҳбат бо мухбири нашрияи қазоқӣ дар робита бо ҳамоиши машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки маҳз бо ташаббуси ӯ роҳандозӣ шудааст, низ таъкид варзидааст. Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев ин ташаббус аз тарафи ҳамтоёни ӯ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд ва дар изҳороти дастаҷамъии  вазирони хориҷаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаъи умумии СММ низ акси худро ёфт.

Шавкат Мирзиёев дар посух ба саволи он ки ояндаи Осиёи Марказиро чи гуна арзёбӣ мекунад, гуфтааст, ки дар айни ҳол муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи нав баромадаанд ва хусусияти ошкоро, пешгӯишаванда ва устувор пайдо кардаанд.

“Бовар дорам, ки таҳкими ҳамкориҳо ва ҳалли пайгиронаи вазифаҳои муштараки мо аз ҷониби кишварҳои минтақа идома хоҳад ёфт. Ба такрор мегӯям, ки вазифаи асосии мо – ба минтақаи шукуфон ва устувор ривоҷёбанда, инчунин фазои итминон ва дӯстӣ табдил додани Осиёи Марказӣ мебошад”, таъкид кардааст президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев перомуни вазъияти ногувори минтақаи баҳри Арал ибрози нигаронӣ карда, афзудааст, ки таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ бидуни ҳаллу фасли фоҷиаи Арал имконнопазир мебошад. Ба гуфтаи ӯ беандеша истифода бурдани захираҳои оби ин обанбори як вақтҳо хушманзара, бешаку шубҳа, боиси аз байн рафтани он гардидааст ва ба сари ҳазорон одамон мусибату андӯҳ овардааст.

“Мо дар Ӯзбекистон ба мушкилоти экологӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем. Дар чаҳор соли охир барои мутобиқсозӣ ва коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим чораҳои системавӣ андешида шуданд. Имрӯз ҷиддан тасмим гирифтаем, ки ҷойҳои хушкидаи соҳили баҳри Арал ободу зебо гарданд. Маҷмаи умумии СММ низ минтақаи назди Аралро минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳо эълон кардааст”, қайд намудааст Шавкат Мирзиёев.

Мухбири қазоқ аз президенти Ӯзбекистон суол кардааст, ки қадамҳои асосӣ барои ҳалли бӯҳрони Афғонистонро дар чиҳо мебинад.

“Дар сурати наандешидани чораҳои муассири ҳамоҳангшуда Афғонистон метавонад муддати тӯлонӣ манбаи чолишҳо ва таҳдидҳои нав барои амнияти минтақа боқӣ бимонад. Ба даст овардани сулҳу субот дар ин мамлакат роҳи рушд ва имконоти нави стратегӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва энергетикии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалиро боз хоҳад шуд. Барқарор намудани иқтисодиёти Афғонистон шарти ҳатмии сулҳи пойдору дарозмуддат барои ин кишвар мебошад”, посух додааст Мирзиёев.

Вай афзудааст, ки мӯътақид аст барои пешгирии шиддати вазъияти тезутунд муколамаро бо ҳукуматдорони нав вусъат додан лозим меояд. Гузашта аз ин, расонидани кумакҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва башардӯстона ба халқи афғон идома дорад. Ба гуфтаи Мирзиёев пешгирӣ аз доман фарох намудани бӯҳрони бузурги башардӯстона дар Афғонистон ва бунбасти байналмилалии он ниҳоят муҳим мебошад.

Президент Шавкат Мирзиёев дар поёни суҳбат мардуми Қазоқистонро ба шарафи 30-умин солгарди истиқлолияти он муборакбод намудааст.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабр Шавкат Мирзиёев бо ташрифи давлатӣ озими Қазоқистон  шудааст ва ду рӯз дар ин кишвар бо мақомоти расмӣ ва доираҳои гуногуни он вориди музокироту мулоқотҳо хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь