Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ироаи паёми видеоӣ ба иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи генералии СММ дар баробари масъалаҳои марбут ба Ӯзбекистон роҷеъ ба вазъияти Афғонистон низ ибрози назар кард.
Ба гуфтаи ӯ Афғонистон як қисми ҷудонопазири Осиёи Марказӣ мебошад ва дар ин кишвар бояд сулҳу субот барқарор гардад.
– На танҳо мо – кишварҳои ҳамсоя, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барқарории сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдор мебошанд. Ӯзбекистон ба мардуми афғон ҳамеша дасти мадад дароз мекунад. Мо ба наздикӣ марзи худ бо Афғонистонро кушодем ва ба мардуми он ҷон ғизо, маҳсулоти нафтӣ ва нерӯи барқ интиқол медиҳем, – гуфт президент Мирзиёев.
Ба ақидаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чунин шароити ногувор набояд Афғонистонро бо мушкилоти зиёди он танҳо гузорад.
– Соли гузашта Ӯзбекистон пешниҳод карда буд, ки дар назди СММ кумитаи доимамалкунандаи Афғонистон таъсис дода шавад. Бовар дорам, ки нақши СММ дар масъалаи Афғонистон тақвият меёбад ва садои он беш аз пеш баландтар мегардад, – изҳор кард Мирзиёев зимни ироаи паёми видеоӣ.
Президенти Ӯзбекистон ҳамзамон дар масъалаи таҳкими эътимоду боварии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ таваққуф намуд ва афзуд, ки Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша робитаҳои худро тавсеа мебахшад.
– Қабл аз ҳама, Осиёи Марказӣ бояд ба минтақаи шукуфон ва устувор ривоҷёбанда, инчунин ба фазои эътимоду дӯстӣ табдил ёбад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай аз тариқи иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод кард, ки дар Тошканд перомуни омӯзиши масъалаи барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши камбизоатӣ дар фазои пасоковидӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардад.
Шавкат Мирзиёев дар баробари ин таваҷҷӯҳи ширкаткунадагони иҷлосияи СММ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи фоҷиаи Арал низ ҷалб кард, ки сол аз сол хушк мешавад ва вазъияти экологии минтақаро ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд