Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиётӣ кишвар, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон даҳҳо километр роҳу пулҳои мошингузар бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз таъмири асосии ҷорӣ бароварда шуданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Тағайбекзода Исмон ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт беш аз 3 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин маблағ 770 ҳазораш барои нигоҳдории роҳҳо, 555 ҳазораш барои таъмири роҳҳо, пулҳо ва лӯлаҳо харҷ шудааст.
Ҳамчунин аз ҳисоби буҷетҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо дар ин давра зиёда аз 367 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин маблағ бо харҷи 234 ҳазораш роҳҳо таъмир шуданд.
Гуфт шуд, ки аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба мабалағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингард, пулҳо ва лӯлаҳо таъмиру таҷдид гардиданд.
Ӯ қайд кард, ки дар мувозинаи муассисаи мазкур 435, 2 км роҳҳои аҳмияти байналмилалӣ, 340,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1977, 4 км роҳҳои маҳаллӣ вобаста шудааст, ки барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳоло таъмиру таҷдид мешаванд.