Бонкҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми чор моҳи соли ҷорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат, сохтмон, нақлиёт, хӯроки ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ, савдои хориҷӣ, истеъмолот ва дигар соҳаҳо 1 миллиарду 343 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.

Роҳбари Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Фирдавс Самадзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз ин маблағҳо 347,9 млн ба соҳаи кишоварзӣ, 45,5 млн ба соҳаи саноат, 38,2 млн ба соҳаи сохтмон, 5,1 млн ба соҳаи нақлиёт, 1,7 млн хӯроки ҷамъиятӣ, 93,3 млн ба соҳаи хизматрасонӣ, 132,7 млн ба соҳаи савдои хориҷӣ, 660,5 млн ба истеъмолот ва 11,9 млн ба дигар соҳаҳо дода шудааст.

Ӯ афзуд, бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисодиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи ҳисоботӣ 3,0 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 743,1 млн сомонӣ ё 32,2 дарсад зиёд мебошад.

– Дар таркиби бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 94,8 дарсадро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5,2 дарсадро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳад, – илвоа кард ӯ ва гуфт,ки дар таркиби сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақаи Бохтар қарзҳои тамдидшуда ва батаъхирафтода 3,8 дарсадро ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь