Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳисоби Вазорати нақлиёт, ҳукуматҳои маҳал ва соҳибкорон бо харҷи бештар аз 36,5 миллион сомонӣ роҳҳову пулҳо таъмир карда шуданд.

Зимни нишасти матуботӣ масъулони  Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар соли 2022-юм бо маблағҳои ҷудокарда шуда 225 км роҳҳо сангфарш, 70,7 км  таъмири роҳ бо асфалт, 49,4 км таъмири ҷорӣ карда шуда, 35 пулу  3 лӯла таъмир шудаанд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақа ҳамагӣ 2 миллиону 965 ҳазор сомнӣ маблағ ҷудо карда шудаст. Баъзе  аз ноҳияҳо  барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ кам саҳмгузори караданд,  яъне ноҳияи Қубодиён ҳамагӣ дар як сол  7 ҳазор сомонӣ,  Кушониён 24 ҳазору 400 сомонӣ,  Дӯстӣ  25 ҳазор сомонӣ, Вахш 34 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи  Шаҳритус 39 ҳазор сомонӣ маблағ  ҷудо кардаанд.

Масъулони ниҳоди мазкур гуфтанд, бо чунин маблағҳо ҳатто наметавон як километр роҳро таъмир кард, зеро барои таъмирии асосии як километр роҳ камаш 1 миллион сомонӣ лозим аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь