Аз ҷониби Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар давоми соли 2024-уи 321 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркаш ба маблағи 1 155 600 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Сардори Раёсати мазкур Шафизода Исроил дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Раёсат 8 420 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 2 347 484 сомонӣ тартиб дода шуда, аз он ба буҷаи давлат ба миқдори 1927 439 сомонӣ ворид карда шуд.
Гуфта шуд, ки инчунин дар ин давра ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашро зери назорат қарор дода, барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл борҳои калонҳаҷм, вазнин ва бе сертификати боркашӣ фаъолият намудан нисбати 321 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркаш тибқи моддаи 311 КҲМ ҶТ ба маблағи 1 155 600 сомонӣ ҷарима баста шудааст.
– Дар минтақаи Бохтар 18 ширкату ҷамъияти наклиёти мусофиркашонию боркашонӣ ва 14 терминали мусофиркашонӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият доранд, – илова кард ӯ.