Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон меъёри андозситонӣ аз даромадҳоро аз 20 ба 15 дарсад коҳиш дод.

Гуфта мешавад, вай Вазорати молияи кишварашро муваззаф сохтааст, ки тибқи ин фармон дар поён овардани меъёри андозситонӣ чораҷӯиҳои фаврӣ амалӣ кунад.

Поён бурдани ҳаҷми меъёри нави андозситонӣ ба буҷаи ин кишвар солона 10 триллион сӯм ё дар ҳаҷми 2 дарсад аз ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зарар ворид мекунад.

Ин иқдоми Шавкат Мирзиёевро коршиносони масоили иқтисодӣ беҳбуд бахшидан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар заминаи таҳрири нави Кодекси андоз баррасӣ мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь