Субҳи имрӯз як гуруҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамроҳии раиси вилояти Сурхондарёи ин кишвар ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон гуфтанд,ки мақсади ташрифи меҳмонон ба вилоят ин таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ба шумор меравад.

Тибқи иттилои расмӣ, меҳмонон давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамоянд. Ҳамзамон,  дар назар аст, ки дар ноҳияи Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад, ки дар ин форум муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муаррифӣ карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here