Бахшида ба Рӯзи байналхалқии озодии баён – 3 май, Ассотсиатсияи рӯзноманигорон “Медиа – Алянси Тоҷикистон” байни рӯзноманигорон, блогерон ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишноҳу донишкадаҳои Тоҷикистон озмун барои дарёфти ҷоизаҳои гуногун эълон менамояд, аз ҷумла:
Ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ба номи журналист, сиёсатшинос ва сиёсатмадори бузурги тоҷик Отахон Латифӣ. Ҷоиза ба журналистону блогероне дода мешавад, ки:
o касбияти баланди журналистӣ доранд, масоили доғи рӯзро дар жанру форматҳои гуногун инъикос мекунанд, ба ҳалли мушкилоти мардуми оддӣ мусоидат менамоянд, аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд ва дар расидан ба адолати иҷтимоӣ саҳм мегузоранд;
o дар рушди журналистикаи касбӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар тарбияи журналистони ҷавон, хидмати арзанда намудаанд;
o ҳангоми таҳия ва нашри мавод аз стандартҳои байналмилалии журналистика – беғаразӣ ва бетарафӣ, мувозинати раъйҳо, ростқавлӣ ва дақиқият – истифода мекунанд;
- Ҷоизаи “Ҷасорати журналистӣ” ба номи журналисти шаҳири тоҷик, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Мазҳабшо Муҳаббатшоев. Ҷоиза ба журналистону блогероне дода мешавад, ки:
o мавқеи хоси шаҳрвандӣ доранд, ҳангоми инъикоси масоили доғи рӯз ҷасорати хоси журналистӣ нишон медиҳанд ва барои расидан ба адолати иҷтимоӣ саҳмгузорӣ мекунанд;
o ҳангоми таҳия ва нашри мавод дар жанру форматҳои гуногун меъёрҳои этикаи журналистӣ ва стандартҳои байналмилалии журналистикаро – беғаразӣ ва бетарафӣ, мувозинати раъйҳо, ростқавлӣ ва дақиқият – риоя мекунанд;
- Ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи журналисти тадқиқотчӣ, бунёдгузори “Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ” Ҷумъабой Толибов озмун эълон менамояд. Ҷоиза ба журналистону блогероне дода мешавад, ки:
o дар мавзӯҳои доғи ҷомеаи имрӯза дар форматҳои гуногун таҳқиқоти журналистӣ гузаронида онро нашр кардааст ва ба ин васила дар роҳи мубориза бо коррупсия ва дигар аъмоли номатлуб ҷасорати журналистӣ нишон додааст;
o дар рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар тарбияи насли нави журналистони таҳқиқотчӣ саҳми арзанда гузоштааст.
- Ҷоизаи “Журналисти навқалам”. Ҷоиза ба донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишноҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дода мешавад, ки:
o Бо расонаҳо фаъолона ҳамкорӣ менамоянд, дар мавзӯҳои доғи ҷомеаи имрӯза дар жанр ва форматҳои гуногун маводҳо нашр менамоянд;
o ҳангоми таҳия ва нашри мавод меъёрҳои этикаи журналистӣ ва стандартҳои байналмилалии журналистикаро – беғаразӣ ва бетарафӣ, мувозинати раъйҳо, ростқавлӣ ва дақиқият – риоя мекунанд;
Ба озмун маводҳое қабул карда мешаванд, ки дар муддати байни 1 майи с. 2022 – 15 апрели с. 2023 дар расонаву (давлатӣ ва мустақил) блогҳои Тоҷикистон ба нашр расидаанду масоили доғи Тоҷикистонро инъикос намудаанд. Ғолибонро комиссияи вижаи иборат аз рӯзноманигорони варзида, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналхалқии мададрасони ВАО муайян менамояд. Дар ҳар як номинатсия се ғолиб муайян карда мешавад. Ҷоизаҳо иборатанд аз диплом бо рамзи МАТ ва тӯҳфаҳои гуногунқиммат.
Довталабон метавонанд ба ҳар ЯК номинатсия танҳо ЯК мавод пешниҳод кунанд. Маводҳо (скани маводи чопӣ; пайванд ё худ линки маводи онлайнӣ; пайванд ё худ линки маводи радио\телевизионӣ дар YouTube ё Google Drive) бояд ҳамроҳ бо маълумоти мухтасар (CV) дар бораи довталаб то охири рӯзи 16 апрели с. 2023 ба почтаи электронии media.alliance.tajikistan@gmail.com ирсол карда шаванд. Чун Медиа – Алянси Тоҷикистон якчанд озмун эълон менамояд, ба хотири роҳ надодан ба хараҷу мараҷ, аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди мавод дар ҳуҷҷатҳо дар сархати мактуби электронӣ номи ҷоизаи озмунро ҳатман зикр намоянд.