Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии Чемпионати ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт» сазовори медали тило шуд.

Ҷоми ҷаҳонии бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7 декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8 декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9 декабр бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал 11 декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тило ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.

Дар мусобиқа 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь