Аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро мадди назар дошта, дар муддати 15 сол зиёда аз 2,5 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад қариб 400 ҳазор тонна асфалт сарф шудааст.

Омили мазкур ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе – Чаноқ, ки нигоҳубини 24 соатро тақозо дошта, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он пайомад ногувор хоҳад буд, вобаста аст. Ин мавсим низ чун солҳои қаблӣ муносибати масъулини филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир махсусгардонидашуда баъд аз таъмиру навсозӣ, барои пешбурди фаъолият пурра омодаанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ вуҷуд надошт. Бо ибтикори «IRS» тӯли 15 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон – 3, Суғд – 4, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

Чанде пеш мавсими нави таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ оғоз гардида дар назар аст, ки соли равон барои ин кор зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо километр роҳ таьмири куллӣ хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь