Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаи бабри барфиро ба ҳайвонҳои хонагӣ “ҳодисаи табиӣ” унвон мекунанд.

Дар ҳодисаи ҳамлаи ин ҳайвони ваҳшӣ ба чорво дар ВМКБ бошад, худи сокинонро муқассир медонанд. Ба ақидаи онҳо, далели ҳамла вайрон шудани экосистемаи ҳайвони ваҳшӣ аст.

Муовини директори ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи Кумитаи мазкур Убайдулло Акрамов имрӯз дар нишасти матбуотӣ бо таассуф гуфт, ки сокинон ба ҷои он, ки дар фасли зимистон чорворо дар хонаҳо нигоҳ доранд, ба саҳро меронанд.

– Аз асри 17 инҷониб бабри барфӣ ба сокинон фишор меорад, чун вай ба тадриқ экосистемаи худашро аз даст медиҳад. Ин ҳодисаи табиӣ аст. Чорвои сокинон сол то сол зиёд мешавад. Бо ин ҳамла бабр огоҳӣ медиҳад, ки одамон ба ҳудуди ӯ надароянд. Бабр партовҳои чорворо дар табиат пайхас карда, ба маҳаллаҳо ҳуҷум мекунад. Дар мамнуъгоҳи Зӯркӯл барои таъмини чорвои хоҷагиҳо 300 ҳазор гектар чарогоҳ ҷудо шудааст, аммо сокинон аз он истифода намекунанд, – қайд кард Акрамов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь