7-уми октябри соли равон дар деҳаи Обиширини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба истифода дода шуд.

Дар ҷамъомад муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ М. Атовуллозода, муовини раиси ноҳия З. Умарзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д. Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ И. Оқилзода ширкат доштанд.

Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди саудии рушд аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»» ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь