Русия дархости ҳукумати нави Сурияро дар бораи истирдоди президенти собиқи ин кишвар Башор Асад, ки пас аз даст додани қудрат ба Маскав паноҳанда шуда буд, рад кард.

Дар ин бора дар мусоҳиба Бо расонаи The New York Times Раиси муваққатии давлати Сурия Аҳмад аш-Шараа изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дархости ба ихтиёри Ҳукумати нав додани Башор Асад ҳанӯз моҳи январ ба Маскав фиристода шуда буд. Бо вуҷуди рад кардани дархости Русия, дар Димишқ  умедворанд, ки имкони муколама бо роҳбарияти Русияро истисно намекунанд.

Аш-Шараа қайд кардааст, ки Сурия ба Русия дар соҳаҳои низомӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ вобастагии зиёд дорад. Ба гуфтаи вай, ҳама гуна иқдомҳои Ҳукумати нави Сурия аз манфиатҳои кишвараш бармеоянд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Москва аз режими Асад дастгирии зиёд карда, ба Сурия силоҳ, тайёраҳо ва мушовирони ҳарбӣ мефиристод. Аш-Шараа таъкид кардааст, ки Сурия ҳанӯз имкон надорад силоҳи русиро бо яроқи дигар иваз кунад ва аз ин рӯ ҳамкорӣ бо Кремлро ҳанӯз ҳам муҳим медонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь