10-уми август дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”-и Қубодиён воқеъ дар 25-километрии марз бо Афғонистон, тамрини якҷояи неруҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон бо ширкати садҳо низомӣ ва истифодаи техникаи ҳарбӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ сурат гирифт. Дар ин бора “РО” хабар дода, менависад, ки ҳадаф аз ин тамринҳо, санҷиши нерӯ, тақвият ва ҳамоҳангии нерӯҳои низомии се кишвар барои муқобила бо таҳдидҳо аз Афғонистон, гуфта шуд.
Гуфта мешавад, дар ин машқи низомӣ шеваи нобуд сохтани як гуруҳи 2500-нафарии шартии мусаллаҳро тамрин карданд, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро гузаштааст. Бо убури марз ва бонги хатар, амалиёти низомии алайҳи онҳо сурат мегирад ва саркӯб мешаванд.
Дар тамринҳои панҷрӯза, 2500 нерӯи низомӣ аз се кишвар ширкат карданд, 1800 нафарашон аз Русия, 200 нафар аз Узбекистон ва боқимонда аз Тоҷикистон буданд. Дар ин амалиёти низомӣ 25 адад авиатсия, аз ҷумла чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ, 500 адад техникаҳои зиреҳпуши ҳарбӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳпуш ва дигар муҳимоти ҷангӣ истифода шуд.
Ин тамринҳо таҳти раҳбарии Ситоди генерали нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми тамринҳо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва намояндагони баландпояи низомии Русия ва Узбекистон дар назди хабарнигорон суҳбат карданд.