Мактаби тоҷикие, ки  масчоҳиёни муқими Ӯзбекистон барои худ бунёд карданд, 5 сентябр расман ифтитоҳ ёфт. Дар маросими кушодашавии он намояндагони расмии ҳокимияти ноҳияи Бӯка ширкат варзида, лентаи рамзии онро буридаанд.

Сохтмони мактаби мазкур ҳанӯз тирамоҳи соли 2021 оғоз гардида, сохтмонаш моҳи августи соли 2022 ба итмом расид.

Маблағи лоиҳавии сохтмони он беш 3 миллион сомонӣ гуфта мешавад, ки пурра аз ҳисоби худи мардуми деҳаи Истошон пардохт шудааст. Мактаб ба тариқи ҳашар бунёд шуда, дар кори сохтмонии он ҳаррӯз аз 150 то 200 нафар сокинони деҳа иштирок мекарданд. Ин мактаб барои 350 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here