Имрӯз дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1 гузаргоҳи роҳи оҳан, 8 гузаргоҳи равуои мошинҳо ва 1 гузаргоҳи сарҳадӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус 21 феврал қабул шудааст.
Тӯли 8 соли охир байни кишварҳо танҳо ду нуқтаи гузаштан тариқи роҳи заминӣ – «Турсунзода – Сариосиё» ва «Фотеҳобод – Ойбек» амал мекарданд.
Аз оғози соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ду гузаргоҳи дар замони президентии Ислом Каримов басташуда – «Андархон-Патар» ва «Қӯштегирмон» дубора ба кор шурӯъ карданд.
Имрӯз гузаргоҳҳои зерин ба фаъолият оғоз мекунанд:
– Гузаргоҳи «Ҷартеппа» байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон;
– Гузаргоҳҳои «Қӯшкент» ва «Учтурган» байни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафарободи Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон;
– Гузаргоҳҳои «Ховастобод» ва «Бекобод» байни ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилоятҳои Тошканду Сурхондарё;
– Гузаргоҳи «Пап» байни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;
– Гузаргоҳи «Равот» байни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;
– Гузаргоҳи «Гулбаҳор» байни ноҳияи Шаҳритус ва вилояти Сурхондарё;
– Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг», ки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи роҳи оҳани «Хошад»-и вилояти Хатлон пайваст мекунад.
Интизор меравад, ки аввалин қатори мусофирбар бо хатсайри «Кӯлоб-Москва» тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани «Хошади» («Амузанг») 7 марти соли 2018 ба роҳ барояд.
Ба иттилои манбаъ, дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ҷартеппа дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо шаҳри Панҷакент низ гузаргоҳи сарҳадии “Саразм-Ҷартеппа” боз шуд, ки дар он раисони вилояти Суғд ва Самарқанд ширкат карданд.
Маросими кушодашавии нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду давлат сурат гирифт.
Ин рӯйдод, ки мардумони ҳар ду мамлакат дер боз интизори он буданд, рафту омади шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриро ба таври чашмгир осон менамояд ва дар натиҷа барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хизмат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, он барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.
Зарринаи Ғайрат