Марк Рютте, нахуствазири пешини Ҳолланд, расман дар мақоми дабири кулли НАТО ба курсии Йенс Столтенберг гузашт. Дар ин бора дар вебгоҳи расмии ин паймон хабар дода шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими таҳвили ин мақом дар Брюссел, Рутте гуфт, ки ба ҳайси дабири кулл ба се авлавият тамаркуз хоҳад кард. Аввалин чизе, ки ӯ ном бурд, нигоҳ доштани қудрати NATO ва таъмини дифои боэътимодуа муассири шарикон аз ҳама таҳдидҳо буд.

“Аввалияти дуюм ин таҳкими пуштибонии мо аз Украина ва боз ҳам наздиктар кардани он ба NATO аст, зеро бидуни Украинаи тавоно ва мустақил амнияти пойдор дар Аврупо нахоҳад буд”, гуфт ӯ.

Рютте афзуд, ки авлавияти сеюм дар давраи раёсати ӯ таҳкими шарикии NATO бо Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳое хоҳад буд, ки манофеъ ва арзишҳои муштарак доранд.

Ба вазифаи дабири кулли NATO таъйин шудани Рютте дар охири моҳи июн маълум шуд ва аз номзадии ӯ ҳамаи 32 кишвари узви ин паймон якдилона ҷонибдорӣ карданд. Як довталаби дигари ин мақом президенти Румонӣ Клаус Йоханнис буд, вале баъдан ӯ аз номзадии худ даст кашид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь