Ба ифтихори 61-солагии сарояндаи шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев дар ноҳияи Масчоҳ намоиши филми “Марги ғурур” баргузор мешавад.

Намоиши филм 4-уми июл, соати 14:00 дар, Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдон сурат мегирад.

Филми мазкур ҳаёту фаъолияти сарояндаи шинохта Олим Бобоевро дар бар мегирад. Филм аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон омода шудааст, ки дар он хотира ва фикру ақидаи сарояндагон, мутахассисони соҳа, коршиносон ва хешовандони Олим Бобоев ҷамъоварӣ шудааст.

Олим Бобоев 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи санъаткор Искандар Бобоев таваллуд шудааст, ки ӯ бо тахаллуси Искандари Турсунӣ машҳур аст. Падари Олим яке аз устодони “Шашмақом” шуморида мешавад.

Сароянда дар бештаре аз фестивалҳо ва озмунҳои берун аз кишвар ширкат карда, мусиқии тоҷикро муаррифӣ кардааст. Ӯ ба унвонҳои “Артисти фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, ҷоизаи “Зарби Шарқ” (Австрия, 1988), “Мусиқии халқҳои ҷаҳон” (Тунис, 1991), фестивали “Мусиқии Шарқ” (Фаронса) , 1999) қадрдонӣ шуда, ғолиби озмуни байналмилаии “Суруди Шарқ” (Ӯзбекистон 1998), иштирокчии EXPO – Олмон – 2000” мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь