Як мард ҳамсари бародари худро бо зарби 11 корд ба ҳалокат расонида, гулӯи духтарчаи 6-соларо бераҳмона буридааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.  Номбурда, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:30, дар ҳавлии истиқоматиашон бо сабабҳои номаълум бо корди хоҷагӣ гулӯи ҷияни хурдсолаш духтарчаи 6-соларо то рагҳои калони хунгард бурида, ба ҳалокат расонидааст.

Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсари бародараш, зани 27-сола, бо корди хоҷагӣ 11-маротиба ба аъзои баданаш зада, ӯро низ ба ҳалокат расонидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь