27-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Дар соли ҷорӣ ширкати Tcell, Рахш Такси ва SkyTour Travel тасмим гирифтанд, ки ин рӯзро ба як маъракаи ғайриоддӣ табдил диҳанд.
Дар тӯли се рӯз – аз 27 то 29 сентябр як ҳайати кормандони ширкати телекоммуникатсионии Tcell, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, созмонҳо ва ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, велосипедронҳои касбӣ, намояндагони ВАО ва блогнависон дар сафари “ҷип-тур” ва марафони велосипедронӣ дар гӯшаҳои зебои ватан ширкат мекунанд.
Хатсайри гурӯҳ аз чунин шаҳрҳо ва минтақаҳо иборат аст: Ваҳдат, Ромит, Арху, Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ ва Душанбе. Ин сафар вобаста ба шароити маҳал мебошад, ки дар он иштирокчиён экскурсияи иттилоотӣ мегузаронанд, мероси таърихии мамлакати моро тамошо мекунанд ва аз рӯи натиҷаҳои марафон ҷоизаҳо мегиранд.
Дар тӯли сафар, иртибот тариқи ширкати Tcell бо ширкаткунандагон барои мубодилаи баёни таассурот кӯмак хоҳад кард. Дар шаҳрҳои Ваҳдат, Норак ва Данғара, велосипедронон аз Интернети баландсуръати стандарти 4G аз Tcell метавонанд истифода баранд. Пешсаф дар минтақаи фарогирии шабакаҳои 3G ва 4G дар Тоҷикистон, ширкати Tcell ба ширкаткунандагон кӯмак хоҳад кард, то дар ҷойҳои душвор дастрас бошанд , ки ин аз ҳарвақта бештар дар сафари кӯҳӣ муҳим аст.
Соли 2019 дар Тоҷикистон “соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони минтақаҳо, таҷдиди инфрасохтор ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Сафари “ҷип-тур” ва марафони велосипедронронон аз ширкати Tcell ва ширкати Рахш Такси барои кушодани хатсайрҳои нав барои велосипедронон, ки бо ҷойҳои таърихӣ ва роҳ ба макони захираҳои табиӣ кӯмак мекунад. Бо мақсади васеъ намудани доираи имконоти сайёҳии Тоҷикистон, чун намуна нишон додани тарзи ҳаёти солим ва инчунин рақобатпазирии соҳаи туризм тавассути беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ равона карда шудааст.
Ташкилкунандагони маросим ширкати телекоммуникатсионии Tcell, ширкати Рахш Такси, ширкати туризми SkyTour Travel бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.