Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасади ба дор  овехтаи домоду арӯсро, ки ҳамагӣ се рӯз пеш хонадор шуда буданд, пайдо карданд.

Раиси ноҳияи Вахш ва додситони ин ноҳия дар нишасти хабарӣ омили даст ба ин кор задани онҳоро бемории рӯҳӣ гуфтанд.

Раиси ноҳияи мазкур Қурбон Юсупов дар нишасти матбуотӣ гуфт, тафтиш нишон додааст, ки домоду арӯс бемории руҳӣ доштаанд, зеро дар байни онҳо ягон ҷангу ҷанҷол набуд.

Прокурори ин ноҳия Салоҳиддин Исмоилзода,  низ афзуд, ки яке аз омилҳои даст ба худкушӣ задани домоду арӯс – Шарифбек ва Гулҳавас, ки рӯзи 27 марти соли ҷорӣ худро ба дор овехтанд, бемории руҳӣ доштани онҳо аст.

Додситон ҳамчунин шарҳ дод, волидайни домод гуфтаанд, ки фарзанди онҳо шабона баромада ба сари замин мерафту мегашт. Ҳамчунин, дар ин ҳодиса аломатҳои ҷиноят дида намешуд, илова кард прокурор.

Домоду арус Шарифбек Зиёеви 26-сола  ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола  рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карда буданд ва баъди се рӯз,  27-уми март ҷасади ба дор овехтаи онҳоро аз дохили оғилхонаи домод пайдо карданд.

Бояд гуфт, ҳодисаи худкушии якҷояи домоду арӯс дар деҳаи Якатути  ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон рух дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь