Солҳои охир дар вилояти Хатлон соҳаи маориф ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Давоми 28 соли истиқлолият дар ин вилоят барои хонандагон садҳо муассисаҳои наву замонвӣ қомат афрохта, сифати таълиму тарбия беҳтару хубтар гардидааст. Зеро наздики 80 фоизи маблағҳои буҷети вилоят ба ин соҳаи ҳаётан муҳим равона карда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки рӯзи 23-юми август дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, қайд кард, ки тайи 7 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 21 адад иншооти соҳаи маориф, 135 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, сохтмони 59 иншооти дигар идома дорад. То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 279 синфхона ба нақша гирифта шудааст.

 

Вахш: Бунёди 31 мактаб ва 100 синфхона

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон давоми 28 соли Истиқлолияти давалтии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 31 муаасисаи таълимӣ ва беш аз 100 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфтааст, ки ин аз рушди соҳаи маориф дар ноҳия дарак медиҳад.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш зимни суҳбат қайд намуд, ки барои рушди соҳаи маориф, ки онро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст, МИҲД-и ноҳияи Вахш ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҳама талошҳои худро равона кардаанд.

– Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад 31 муассисаи таълимӣ ва зиёда аз 100 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин аз рушди соҳа гувоҳӣ медиҳад,- илова кард мудири маориф.

Зикр рафт, ки дар 7 моҳи соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия ду бинои нав барои 500 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, ҳоло сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардидаву идома дорад.

– Ба ҷуз ин, дар назди 9 мактаби ноҳия сохтмони 128 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, шахсони саховатманд, соҳибкорон ва волидон идома ёфта истодааст,- мегӯяд Ш. Маҳмадсаидзода.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш тасмим гирифтааст, ки то рӯзи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар наздики 10 муассисаи таълимиро аз таъмири асосӣ бароварда, мавриди истифода қарор диҳад. Иттилоъ дода шуд, ки ба замми ин ҳама пешравиҳо, дар ду муассисаи таълимии ноҳия таҳсид дар се баст сурат мегирад. Барои рафъи ин мушкилӣ масъулони шуъбаи маорифи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораандешӣ доранд.

Манбаъ гуфт, дар «Барномаи давлатии рушди муссисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 21 муассисаи таълимӣ ворид карда шудааст, ки то ин замон 5 муассиса сохта шуда, сохтмони 6 муассисаи дигар идома дорад. Ҳамчунин дар доираи ин барнома сохтмони бинои шуъбаи маориф, ки дар иҷора мешинад, ворид шудааст. Барои сохтмони бинои шуъба замин ҷудо гардидааст.

Бояд гуфт, дар ноҳияи Вахш 64 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 2 ҳазору 331 омӯзгор ба таълими 43 ҳазору 50 нафар хонанда машғуланд.

 

Ба мактабҳои Панҷ 850 мизу курсӣ омад

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҳисоби ходимони дин сохтмони 13 синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Мудири шуьбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода гуфт, ки маблағи умумии 13 синфхона беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мудир қайд кард, ки дар умум ҳоло дар назди 6 муассиса бо дастгирии соҳибкорон, волидон ва дигар қишри ҷомеа сохтмони 34 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 800 хонанда идома дорад.

– Ин ҳама корҳои ободонӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ бахшида ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад,- зикр кард мудир.

Дар умум, дар ноҳияи мазкур 52 муассисаи таьлимӣ фаьолият доранд, ки 100 дарсад ба соли нави хониш омода шудаанд,- илова кард Мавлуда Боймуродзода.

Мудир қайд намуд, ки аз солҳои 75-80 ба мактабҳои ноҳия мизу курсӣ ворид карда нашуда буд, аммо чанд рӯз пеш бо дастгирии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 муассисаи таълимӣ 850 ҷуфт мизу курсӣ ва 36 тахтаи синф ворид карда шуд.

Манбаъ қайд намуд, ки ҳоло дар ноҳия 17 муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошанд, ки ҳамаи онҳо то ҷашни Истиқлолияти давалтии кишвар аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. Аҳли маорифи ноҳияи Панҷ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар соҳаи маориф ҳал намуда, шароитро барои илмомӯзии хонандагон беҳтару хубтар намоянд.

 

Ҳакимзода: Камбудиҳо ислоҳ мехоҳанд

Ба замми пешравиҳо дар соҳаи маориф, раиси вилоят аз мушкилиҳои зиёд, аз қабили фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, кам маблағгузорӣ шудан барои хӯроки кӯдакон, дар се баст ба роҳ монда шудани дарсҳо дар 39 муассисаи таълимӣ, норасоии 725 нафар омӯзгорон изҳори ташвиш карда,ба масъулони Раёсати маорифи вилоят,Сарраёсати молия, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон баҳри ислоҳи камбудиҳо супориши қатъӣ дод.

 

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь