Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 7 декабр Ҷумахон Ғиёсовро ба ҳузур пазируфт. Гуфта мешавад, Ҷумахон Ғиёсов маъмурияти худро ба ҳайси мудири Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ба поён расонид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Дар мулоқоти Комилов ва Ғиёсов зикр гардидааст, ки Ӯзбекистон ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррор аҳамияти хос медиҳад. Зеро ин сохтор ба ҳайси як сохтори асосии СҲШ дар таъмини ҳамкории кишварҳои узви он ҷиҳати мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ нақши муҳим мебозад.

Абдулазиз Комилов зимни ин мулоқот дар робита ба вазъи Афғонистон ибрози назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ вақти он расидааст, ки аз сухан ба амал гузаранд.

“Агар фалокати башардӯстона дар Афғонистон пешгирӣ нашавад, оқибати он метавонад ба ноором шудани вазъ дар кишвар мусоидат кунад”, тазаккур додааст Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ҷумахон Ғиёсов то пазируфта шудан ба мақоми мудири ин кумита дар мақомҳои роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз моҳи декабри соли 2013 ҷонишини аввали раиси Кумитаи дин, танзими анъанаҳои миллӣ, маросимҳо ва урфу одатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.

Солҳои 2017-2018 мақоми ҷонишини мудири иҷроияи сохтори митақавии зиддитеррори СҲШ-ро ишғол кардааст. Аз 1 январи соли 2019 барои ду соли оянда мудири Кумитаи иҷроияи ин созмон тайин шудааст.

Ҳоло бо ба охир расидани ваколати худ ҷои худро ба намояндаи Ӯзбекистон Руслан Мирзоев додааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь