Мадина Қурбонзода дар вазни 52 килограмм дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 байни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби ҷойи аввал ва медали тило гардид.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 аз намуди варзиши ҷудо 22-юми май дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шуда, то имрӯз идома дошт. Дар мусобиқа 515 варзишгарон аз 8 кишвари ҷаҳон (343 мард ва 172 зан) бо ҳам мубориза  бурданд.

Мадина Қурбонзода хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст. Вай чанде пеш дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam-2025 медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь