Дирӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ дар мавзӯи Қонуни ҶТ “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”: татбиқ ва дурнамо”  баргузор гардид. 

Нишасти матбуотӣ аз ҷониби Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ бо мақсади равшанандозии меъёрҳои қонун ва механизмҳои батанзимдарории ҳуқуқӣ ва тавзеҳи таҷрибаи байналхалқӣ дар самти мазукр, гузаронида мешавад.

Қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” аз ҷониби президенти кишвар 2-юми январи соли 2018 ба имзо расид. Ташаббускорони қонуни мазкур дар шарҳи нав Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ буда, бо мақсади кам кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку миёни аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи солимии миллат, пешбинӣ шудааст.  Дар қабули шарҳи нави қонун намояндагони Ҳукумат, аъзоёни парлумон, Вазорати тандурустӣ-Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ баромад намуданд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ иштирокчиён барои худ тавзеҳот, инчунин маълумот оид ба хусусият ва навовариҳо дар Қонуни ҶТ “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” гирифтанд.   

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь