Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, бо ҳукуматҳои шаҳру навоҳие, ки қабилаи лӯлиҳо он ҷо зиндагӣ мекунанд, ҳамкорӣ доранд ва барои маърифатнок кардани онҳо кӯшиш мекунанд.
Раиси Кумитаи мазкур Идигул Қосимзода лӯлиҳоро узви ҷомеаи кишвар хонда, гуфт Ҳукумат барои бомаърифат кардани лӯлиҳо, ҷалби кӯдаконашон ба мактаб ва даст кашидан аз анъанаҳояшон чораҷӯӣ карда истодааст.
– Чанде пеш як нафар зан, аз ҳамин қабила, аз ноҳияи Шаҳринав муроҷиат кард. Саломатияш хеле ташвишовар буд. Мо хостем ӯро дар беморхона хобонида, табобат кунем, вале мутаассифона, розӣ нашуд. Баъдан дар якҷоягӣ бо масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар хонаи истиқоматии зан шароит муҳайё кардем, то ӯ шифо ёбад. Хеле хурсанд шуд ва миннатдорияшро тариқи рӯзнома низ баён дошт,-гуфт Қосимзода.
Ҳамчунин, гуфта шуд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раис, муовинон ва шуъбаи ҳуқуқу кор бо кадрҳои кумита бевосита 610 нафар шаҳрванд қабул карда шудааст, ки 501 нафарашон зан ва 109 нафарашонро мард будааст. Дар умум бошад, ба марказҳои иттилоотӣ-машваратии шаҳру навоҳӣ 6919 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки 4867 нафарашонро зан ва 1645 тани дигарашонро мардон ташкил додаанд.
Ба иттилои Кумита, 689 муроҷиат вобаста ба гирифтани машваратҳои ҳуқуқию равонӣ оид ба пешгирии хушунат дар оила, 5210 адад ба бастани ақди никоҳ дар САҲШ, 758 адад оид ба бекор кардани ақди никоҳ, 732 оилаҳои муҳоҷир, 342 муроҷиат оид ба надоштани ҷои кор, ва 1063 адад муроҷиат барои муқаррар кардани падарӣ рабт доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь