Дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон шаҳри Бохтар имрӯз даври дуюми мусобиқаи ҷамоварии пахта баргузор гардида, ғолибони озмун бо сипоснома ва мукофотпулии раиси вилоят  қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин мусобиқа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳама раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят  иштирок доштанд. Раиси вилоят гуфт, ки шаҳри Левакант аввалин шуда аз иҷрои дурнамои ҳоисли пахтаи имсола баромад.

Барои иҷрои нақша раиси вилояти Хатлон Қӯрбон Ҳакимзода ба Давлатзода Зарина раиси шаҳри Левакант сипоснома ва 15 ҳазор сомонӣ туҳфа кард.

Ҳамчунин, барои дар ҷомоварии ҳосили пахта дар ҷойи дуюм қарор доштани шаҳри Бохтар раиси вилоят ба Абдуалми Исмоилзода сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим намуд. Инчунин, барои дар зинаи сеюм қарор ноҳияи Данғара ба раиси он Исломиднин Раҳмон низ аз тарафи раиси вилоят сипоснома ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Ба гуфти раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина, дар ҳуддуи шаҳр имсол дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида шуда буд. Нақшаи солонаи шаҳри Левакант 2310 тонна буда, вале  онҳо, то имрӯз аз нақша зиёд яъне 2313 тонна пахта ҷамоварї намуданд.

Раиси шаҳр дар баромадаш қайд кард, ки ҳоло дар саҳро пахта зиёд аст ва кишоварзони ноҳия талош доранд, то ҳосили онро охир ҷамъоварї кунанд.

Раиси вилоят ба ҳама раисони шаҳру ноҳияҳо таъқид дошт, ки аз обу ҳавои мусоид истифода карда, дастранҷи хешро ба пуррагӣ ҷамъоварї кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь