Соли 2022-юм бо ташаббуси Зарина Давлатзода, собиқ раиси шаҳри Левакант, дар даромадгоҳи шаҳр нусхаи манораи “Эйфел”-и Порис, бунёд гардида буд. Соли гузашта ин манора аз даромадгоҳи шаҳр бардошта шуд.

Шаҳрдори Левакант Мастура Табарӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки нусхаи манораи “Эйфел”-ро аз даромадгоҳи шаҳр бо сабаби весеъ кардани роҳи мошингард гирифтаанд. Ӯ гуфт, ки нусхаи манораи “Эйфел”-ро дар моҳи март дар дохили Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр насб мекунанд.

Зарина Давлатзода дар нишасти матбуотӣ рӯзи 10-уми феврали соли 2022 иттилоъ дода буд, ки нусхаи манораи “Эйфел”-ро бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ сохтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь