Суди шаҳри Левакант имсол 276  парвандаи оилавиро баррасӣ кардааст, ки аз ин 42 ададашро парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳ ташкил  медиҳад.

Судияи суди шаҳри Левакант Юсуфзода Қудратуллои Файзулло аз зиёд ворид шудани парвандаҳои оилавӣ ба суди шаҳр дар моҳҳои сипаригардидаи соли равон изҳори ташвиш намуда, гуфт, ки омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар шаҳри Левакант ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, бефарзандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ буда, омили асосӣ ин хушунати зан бо мард ва мард бо зан мебошад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар ин давра ба суди шаҳр 4 парвандаи заноне, ки нисбати шавҳарони худ хиёнат кардаанд ворид шудааст, ки ин омил низ нигаронкунанда аст.

Дар ҳамин ҳол аз бахши САҲШ шаҳри Левакант ба мо хабар доданд, ки дар 10 моҳи соли равон ин бахш 47 ақди никоҳи шаҳрвандонро бекор кардааст ва ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 ҳолат зиёд мебошад.

Коршиносони маҳаллӣ омилҳои пошхурии оилаҳоро аз кам гузаронидани суҳбату вохуриҳо миёни аҳолӣ аз тарафи  сохторҳои марбут ба ин самт арзёбӣ намуданд.

Имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навор аз заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанду бо мардони бегона ишқварзӣ менамуданд нашр шуд ва  сару садоҳои зиёдеро миёни ҷоме ба бор овард.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь