Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон қисми даромади буҷети шаҳр 109 дарсад иҷро шуда, ба буҷет зиёда аз 1 миллиону 131 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант Салоҳиддин Саидзода зимни сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ  нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр 12 миллиону 722,3 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 13 миллиону 854,1 сомонӣ иҷро шуд. Ин нисбати нақшаи пешбинишуда  1 миллиону 138 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар ин давра аз 8 намуди андоз танҳо як намуд андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ иҷро нашуд, ки аз ин ҳисоб  ба фонди нафақаи вилоят 297,1 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.

Манбаъ гуфт, бештари маблағҳои буҷети шаҳр  ба соҳаи маориф 48,3 дарсад, тандурустӣ 29,5 дарсад  равона карда шудаанд.

Салоҳиддин Саидзода афзуд, ки ҳоло дар шаҳр қарз ва таъхири падохти музди меҳнат вуҷуд надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь